Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Симо"-и Телевизиони Тоҷикистон баргузор гардид

ТВТ. 23.08.2022. 23-юми августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Телевизиони Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Симо"-и Телевизиони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Нозим, директори "Телевизиони Тоҷикистон" Самандар Искандарзода, муовинони директор, сармуҳаррирону мудирони шуъбаҳои телевизион ва дигар аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як фарди ватандӯст, махсусан аъзоёни созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки огоҳӣ, зирракии сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро авлавият қарор дода, ҳамеша барои таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва суботу оромии Тоҷикистони маҳбуб талош намоянд. Директори "Телевизиони Тоҷикистон" Самандар Искандарзода дар баромади худ зикр намуд, ки ойиннома ва мақсаду ҳадафҳои ҳизбамон меҳвари барномаҳои "Телевизиони Тоҷикистон"-ро ташкил дода, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳадафҳои созандаи ҳизб дар барномаҳо, тарғиби сиёсати муваффақи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи олам кормандони "Телевизиони Тоҷикистон" кӯшишу талошҳои хастанопазир ба харҷ медиҳанд.

Дар охири кори маҷлис бо ҳамовозӣ ва ҳамдилии аъзоёни ҳизби ормонҳои миллӣ-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Самандар Искандарзода-директори Телевизиони Тоҷикистон ҳамзамон Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Симо"-и Телевизиони Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Манбаъ: tvt.tj

Tags: