Мақомоти гумрук боздошти се кормандашро дар иртибот ба қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар тасдиқ намуд

Мақомоти гумруки Тоҷикистон боздошти се нафар кормандашро дар иртибот  ба қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар ба хориҷи кишвар тасдиқ намуд.

Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Раҳимзода имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки се нафар корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки мехостанд 90 килограмм тилло ва 15 миллион долларро бо роҳи қочоқ аз Тоҷикистон ба хориҷа интиқол диҳанд, моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт гардиданд.

Раҳмоналӣ Раҳимзода афзуд, ки ин гурӯҳ, ки аз ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иборат буд, моҳи ноябри соли гузашта талош карданд дар ҳаҷми калон тилло ва пулро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура боздошт гардиданд.

Гуфта шуд, ки нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: