Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои « Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2018-2020 тасдиқ намуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 тасдиқ намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, Қарори мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомали 8 декабр ба тасвиб расид.

Тибқи Қарори мазкур муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор ӯҳдадор гардиданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки то 20 декабр ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузориш таҳия ва пешниҳод намояд.

АМИТ "Ховар"