Маъракаи ниҳолшинонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллй аз оғози соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб рӯзҳои истироҳатӣ ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар хиёбону гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳо дарахтони оришию сояафкан шинонида мешаванд. Имсол мувофиқи нақшаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бояд то анҷоми мавсими ниҳолшинонӣ беш аз 40 ҳазор адад ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шаванд.

Тавре  Саидмурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ  дод, кормандони боғи фарҳангу фароғатии шаҳр ба ҳашар баромада, дар гӯшаҳои навбунёди боғ, аз ҷумла дар назди Нишони давлатӣ ниҳолони арча ва гулу буттаҳо шинониданд. Дар дигар қисматҳои боғ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ шинонида мешаванд.

Бо ибтикори мақомоти иҷроия ва соҳибкорзан Гулсунбӣ Иброҳимова дӯкони фурӯши гулҳо ба фаъолият оғоз кард, ки минбаъд сокинон метавонанд барои худ ва пайвандонашон беҳтарин туҳфаро бо нархи арзон дастрас намоянд.

Ҳоло таваҷҷуҳи мардум ба хариди гул хеле зиёд аст ва ин иқдом низ идомаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ободкорӣ ва ҷалби бекорон ба кори доимӣ мебошад.

АМИТ  «Ховар»

Tags: