Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои бурсияҳои таҳсилии Қирғизистон оғоз гардид

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба диққати довталабон мерасонад, ки ҳуҷҷатсупорӣ барои бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз гардидааст.

Тавре аз МД «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муҳлати бақайдгирӣ то санаи 14 декабри соли 2020 мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд барои супоридани ҳуҷҷат (номнавис шудан) ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», бо суроғаи шаҳри Душанбе, к. Мирзо Турсунзода 47, муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 2232359, 2211883.

АМИТ «Ховар»

Tags: