Меҳргон - таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукўҳтарин ҷашнҳои мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврўз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамудаанд.

Ба ин муносибат дирӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни пуршукӯҳи Меҳргон — иди ҳосил ва фаровонӣ ҷашн гирифта шуд. Ин ҷо гузориши тасвирии суратгири АМИТ «Ховар» Мақсудҷон Муҳиддинҷоновро аз ҷараёни ин ҷашн пешниҳод менамоем.
Суратгузориши АМИТ «Ховар»

АМИТ"ХОВАР"