Минбаъд дар кӯчаҳои Душанбе ба ҷои кормандони БДА нозирони тартибот (патрулҳо) фаъолият мекунанд

Шурӯъ аз аввали моҳи декабри соли равон минбаъд дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба ҷои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нозирони тартибот (патрулҳо) фаъолият мекунанд. Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин кор бо супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосӣ пешгирӣ намудани танбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе мебошад.

«Аз ин пас дар роҳҳои пойтахт шумораи постҳо кам гардида, ба ҷои онҳо мошинҳои сайёри патрулӣ (нозирони тартибот) фаъолият мекунанд ва танҳо дар даромадгоҳи кӯчаҳо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ гузошта мешаванд. Ин амал метавонад пеши роҳи танбашавӣ ва қоидавайронкуниро дар роҳҳои пойтахт гирад. Зеро дар аксар давлатҳои пешрафта  чунин низом  роҳандозӣ шуда, натиҷаи хуб ҳам ба бор овардааст»,- гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Патрулҳо  низ метавонанд дар ҳолати ба қайд гирифтани қоидавайронкунии роҳ санад тартиб дода, нисбат ба он чораҷӯӣ кунанд.

АМИТ "Ховар"