Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис»

Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Ширкати «Ходайз групп Индастрис» Радҷа Рамакришнан мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба иҷрои мувофиқаҳои зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ба дастомада табодули афкор карда, дар ин замина муҳимияти рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.
Дар мулоқот барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамгироии манфиатбор дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: