Мулоқоти Пешвои миллат бо Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири амнияти миллии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмарро ба ҳузур пазируфт.

Аввалин заминае, ки тамоми маҳаки муносибатҳои моро бо Афғонистон муайян менамоянд асли ҳамсоягии нек мебошад, изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво мавзуҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир баҳри танзими фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар пулҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамоҳангии зичтари неруҳои сарҳадӣ ва таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд.