Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони боэътимод ва стратегии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз соли 1998 то имрӯз ҳаҷми маблағгузории ин бонк ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо қариб 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва маблағгузории хурд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти бонк барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карданд.

Доир ба идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар доираи татбиқи Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар доираи ин ҳадафҳо, алалхусус, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғл тақвият ёфта, амалишавии барномаи шарикии Бонки Осиёии Рушд бо Тоҷикистон ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт беҳтару хубтар мегарданд.

Идомаи ҳамкории дуҷониба тавассути иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, маориф, хусусан омӯзиши касбҳои техникӣ, тандурустӣ, рушди шаҳрҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар бахшҳои афзалиятнок барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

АМИТ"ХОВАР"