Мулоқоти раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷўёни ДМТ

15 марти соли равон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо донишҷўён ва устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷўён ва устодони факултети журналистикаи донишгоҳи мазкурро бо Ҷашни байналмилалии Наврўз табрик намуда, оид ба сохтор ва фаъолияти Кумита ва сохторҳои он маълумот дод. Номбурда таъкид намуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ҳамкориҳои судманд дошта, факултети журналистикаи ин борго ҳи маърифатро манбаи асосии тайёр намудани мутахассисони соҳа арзёбӣ менамояд.

Дар идомаи мулоқот раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии шомили Кумита ҳамеша омодаанд бо донишҷўёни факултети журналистаи ДМТ ҳамкорӣ намоянд ва онҳоро бо ҷойи кори мувофиқ таъмин созанд.

Дар охир, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба саволҳои устодон ва донишҷўён посух дод.

 Ҳамчунин, роҳбарияти Кумита ва кормандони зерсохторҳои он “Осорхонаи Пешвои миллат”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд. “ҶП”

Tags: