Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Элизабет Миллард

Дирӯз, 6-уми март иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо сатҳи кунуни ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боулдери штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диққати ҷиддӣ доданд. Дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид. Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Tags: