Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

26 октябр дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдураҳмон ал-Рассӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

/АМИТ «Ховар»

Tags: