МУРОҶИАТНОМАИ ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМИИ КУШОДАИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРЌ

 Муштариёни азиз!

Дар Љумњурии Тољикистон об манбаи асосии истењсоли неруи барќ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барќ дар неругоњњои барќи обї истењсол мегардад. Њамзамон,  њаљми истењсоли барќ ба резиши оби дарёњо алоќамандии зич дорад.

Ба њама маълум аст, ки бо фарорасии мавсими тирамоњу зимистон бар асари хунук шудани њарорати њаво камшавии маљрои дарёњо ва захирањои об дар њавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи соњањои иљтимоиву иќтисодии мамлакат ба неруи барќ норасоии мавсимии неруи барќро ба миён меорад. Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барќ таъмин намудани ањолї ва соњањои иќтисоди миллї тадбирњои иловагї андешида шаванд.

Њоло манбаи асосии захираи обу энергетикии кишвари мо, яъне обанбори НБО-и Норак  то нуќтаи нињої аз об пур карда шудааст. Вале њаљми воќеии резиши об дар муќоиса ба соли гузашта ва њисоби миёнаи бисёрсола кам аст.

Вобаста ба ин, аз рўи њисоби мутахассисони соња соли љорї низ норасоии мавсимии неруи барќ пешгўї карда шудааст ва  вазъи пешгўишуда танзими рељаи истифодаи   захирањои обу энергетикиро дар низоми энергетикии кишвар ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барќро дар корхонањо, ташкилоту  муассисањо ва  манзилњои истиќоматї таќозо менамояд.

Њамзамон бо ин, таљрибаи солњои ќаблї собит менамояд, ки љињати таъмини бењтари барќ дар мавсими сармо анљом додани корњои таъмиру профилактикї дар таљњизоти шабакањои барќї ва зеристгоњњо яке аз масъалањои муњим мебошад. Аз ин рў, аз љониби мутахассисони љамъиятњои сањњомии кушодаи «Шабакањои интиќоли барќ» ва «Шабакањои таќсимоти барќ» бо маќсади ба давраи тирамоњу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикї дар рўзњои нисбатан гарми фасли тирамоњ дар як ќатор зеристгоњњо ва хатњои интиќоли барќ корњои таъмир гузаронида мешаванд.

Амалисозии ин тадбирњо имкон медињад, ки шабакањои барќї ба давраи тирамоњу зимистон хубтар омода карда шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарўзии ањолї бо неруи барќ истифода гардад.

Муштариёни азиз!

Љамъиятњои сањњомии кушодаи «Барќи Тољик», «Шабакањои интиќоли барќ» ва «Шабакањои таќсимоти барќ» ба мањдуд намудани таъминоти барќ манфиатдор нестанд. Вале захирањои обу энергетикие, ки мо њоло дар ихтиёр дорем, њаминро талаб менамояд.

Њамчунин, дар назар бояд дошт, ки захирањои обу энергетикии дар рўзњои мусоид сарфашуда барои дар мавсими зимистон бештар бо неруи барќ таъмин кардани муштариён истифода бурда мешаванд.

 

                                Маркази матбуоти

                                 ЉСК «Барќи Тољик»

 

 

  

 

Tags: