Муътабар Азимова ғолиби озмуни «Авто-Бону-2019» гардид

Авто-Бону-2019Дар озмуни «Авто-Бону-2019», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА ВКД гузаронида шуд, Муътабар Азимова аз вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал ва соҳиби мукофоти асосӣ- Диплом ва рамзи «Авто-Бону- 2019» гардид.

Дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси ВКД ва Раёсати БДА ВКД озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмунро сардори Раёсати БДА Акбар Насимзода оғоз намуда, иброз намуд, ки мавқеи зан-модар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардидааст. Дар ин радиф Раёсати БДА ВКД бо иштироки бонувони ронанда тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни навбатии маҳорати касбӣ байни занону духтарони ронанда «Авто – Бону-2019»-ро гузаронад.

Мавсуф иброз намуд, ки гузаронидани чунин озмун, пеш аз ҳама, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда, таблиғи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садаманокӣ гузаронида мешавад. Аз таҳлилҳои коршиносони соҳа бармеояд, ки бонувон зимни идора намудани мошин нисбат ба мардон бо эҳтиёт буда, ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳама ҳолат риоя менамоянд.

Авто-Бону-2019Озмун аз рӯйи даврҳои «Ман ва автомобилам» (муаррифӣ ва ороиши автомобил), «Донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Рондани автомобил дар Автодром», «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ, озмуни «Авто-Бону-2019» ҷамъбаст ва ғолибону иштирокчиёни фаъоли он муайян гардиданд. Аз рӯи натиҷаи иҷрои шартҳои озмун Муътабар Азимова аз вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ- Диплом ва рамзи «Авто-Бону 2019» гардид. Ҷойи дуюм насиби Мавлуда Саидова аз шаҳри Роғун гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии фаъоли дигар- Мадина Ҳотамова, корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба даст овард.

Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон ҷоиза ба Зуҳро Холбобоева дода шуд, ки ӯ 45 сол мешавад миёни мардум ҳамчун ронанда шинохта шудааст.

Ҳамчунин сардори Раёсати БДА ВКД Акбар Насимзода ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ «Ифтихорнома» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

АМИТ «Ховар»