Нақшаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 39,6% иҷро шуд

Бино ба иттилои дастрас, то ҳолати 20 сентябр дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар (39,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 миллиону 565 ҳазору  281 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе 99,6% иҷро гардидааст.

Бояд гуфт,  ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: