Дар Қоҳира 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

ТВТ. 11.06.2022. 9 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба истиқболи 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ ва меҳмони маҳфил — Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки бо сафари корӣ дар Қоҳира ҳузур дорад, доир ба нақши ин иҷлосияи сарнавиштсоз дар эҳёи сулҳу созиш ва эҷоди ваҳдати миллӣ сухан гуфта, аҳли нишастро ба омӯзиши амиқу дурусти таърихи гузашта ва муосири Тоҷикистон, арҷгузорӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва ба хусус ба заҳматҳои сулҳсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Ба аҳли нишаст ҳамчунин филми мустанад доир ба оқибатҳои пурдаҳшати ҷангу нооромии солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон, расидан ба сулҳу оромӣ ва бунёдкорию созандагӣ намоиш дода шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: