Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз 30 июл то 1 августи соли 2026 идома дошт, ба анҷом расид.

Дар ҷараёни сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, инчунин дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба Формула-1 дар рӯи об (F1H2O), ки дар кӯли Иссиқкӯл баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон — Роҳбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар шахсони расмии Ҷумҳурии Қирғизистон гусел намуданд.

1 августи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба Ватан баргаштанд.

Tags: