Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  5 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён баргузор гардид.

Муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо табрикоту таманиёти нек Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона шодбош гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар минбаъд ҳам дар масири густариши бемайлон қарор хоҳад гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон хоҳони сулҳу субот ва рифоҳи доимӣ шуданд.

Tags: