ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо ва риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони ҳизб, тақвияти корҳои ташкилию тарғиботӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав дар самти кор бо ҷавонону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа шароити хуби фаъолият муҳайё гардидааст.
Бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.
Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун, лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи марҳилаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.
Дар гӯшаи алоҳидаи китобхона асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, энергияи офтобӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва рушди иқтисоди сабз дар бино панелҳои офтобӣ насб карда шудааст, ки он барои таъмини самараноки неруи барқ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, истифодаи технологияи муосир, рушди энергияи тоза ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар бинои ҳизб, ҳамчунин маркази омӯзишӣ мавҷуд аст, ки барои таълими забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба соҳибкорони ватандӯст ва аъзои ҳизб барои бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, вусъат додани созандагиву бунёдкориҳо ва тарғиби ҳадафҳои стратегии кишвар ҳидоят карданд.

