Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Маркази хизматрасонии техникии «Сити Сервис ЛТД» ба фаъолият оғоз кард. Маркази мазкур бо мақсади пешниҳод намудани хизматрасонии кафолатӣ тибқи шартнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркии «Улашим» («Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi») оид ба харидории автобусҳои замонавии тамғаи «Акиа» таъсис дода шуда, фаъолияти он ба пешниҳоди хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва боркаш равона гардидааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки ширкати мазкур тибқи шартнома дар давоми як сол бо дарназардошти муҳлати кафолатӣ ба автобусҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ширкати «Акиа» харидорӣ гардидаанд, хизматрасонӣ пешниҳод менамояд. Бо ин мақсад ширкат дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Корхонаи муштараки «Сити Сервис ЛТД»-ро таъсис додааст.
Дар ин марказ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ташхиси техникии автобусҳо анҷом дода шуда, дигар нуқсонҳои техникии онҳо бартараф карда мешаванд.
Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти ҶДММ «Сити Сервис ЛТД» дастур дод, ки маркази мазкур зимни фаъолият диққати махсусро бояд ба роҳандозии хизматрасонии муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, аз ҷумла, истифодаи техника ва технологияҳои навтарини соҳа равона намояд.
Маркази мазкур бо тамоми дастгоҳу лавозимоти муосири техникӣ ва шароити зарурӣ барои кормандон ташкил гардида, дар он 20 нафар мутахассисон барои ҳалли мушкилоти техникии воситаҳои нақлиёт бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Тибқи иттилои масъулин, ин танҳо оғози кор буда, дар оянда шумораи коргарон то 50 нафар расонида мешавад. Ҳамчунин барои кормандону мутахассисони марказ ошхонаи замонавӣ бо 20 ҷойи нишаст дар як вақт сохта шудааст.
Дар маҷлисгоҳи марказ баҳри бозомӯзии кормандону мутахассисони корхона ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ шароити таълимӣ фароҳам оварда шуда, айни замон бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ кормандону муҳандисони марказ ба омӯзиши нозукиҳои ташхису танзими техникӣ шинос мешаванд.
Раиси шаҳри Душанбе ба ҷараёни омӯзиш дар ин марказ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба мутахассисон маслиҳат дод, ки тамоми нозукиҳои техникии воситаҳои нақлиётро аз худ намоянд, то ба мизоҷон дар сатҳи баланд хизмат расонанд.
Таъкид гардид, ки дар корхонаи мазкур бригадаи сайёр ташкил шудааст, ки он тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии техникию ташхисӣ дар дилхоҳ вақт ва мавзеъ хизматрасонии сайёрро пешниҳод намуда, дар таъмин намудани фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахт саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ҳаракати доимии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шароити пойтахт, Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, махсусан қисмҳои ҳаракатдиҳанда ва таваққуфӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки танҳо дар сурати мавҷуд будани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ мушкилоти техникӣ сари вақт бартараф шуда, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ таъмин мешавад.
Дар баробари пешниҳоди хизматрасонии муосири техникӣ, ҳамчунин дар марказ мағозаи махсуси фармоишӣ ва мағозаи электронӣ барои дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ фаъол гардидааст.
Бо истифода аз чунин имконот мизоҷон метавонанд дилхоҳ қисми эҳтиётиро аз хориҷи мамлакат фармоиш дода, дар муҳлати кӯтоҳтарин онро дастрас намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе зимни боздид аз саҳни бинои марказ таваҷҷуҳи масъулинро ба биноҳои ёрирасони ҳудуди он ҷалб сохта, дастур дод, ки биноҳои боқимондаи онро низ таъмир ва шароити заруриро баҳри нигоҳдории воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин макон фароҳам оваранд.
Ба фаъолият шурӯъ кардани ҶДММ «Сити Сервис Лтд» дар шаҳри Душанбе дар самти пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифати техникӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ саҳифаи наве боз гардид.