Директори осорхонаи Бадахшон: «Ҳадафи мо ҳимояи мероси моддию маънавии мардуми тоҷик аст»

Кормандони осорхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади муаррифии маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои қадимии мардумӣ дар деҳаи дурдасти Ямғи водии Вахони ноҳияи Ишкошим  конфронси илмӣ-амалӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони маҳаллиро баргузор карданд.

Директори осорхонаи вилоятӣ Хушомад Алидод гуфт, ки «конфронси илмӣ-амалӣ ба ҳаёту эҷодиёти шоир, мунаҷҷим ва файласуфи асри 19, зодаи ҳамин деҳа Суфӣ Муборакқадами Вахонӣ бахшида шуд. Сокинони деҳа дар давоми бештар аз 180 сол хонаеро, ки дар он Мубораки Вахонӣ ба дунё омадаву тамоми осори илмию адабиашро дар он  эҷод кардааст, ба осорхона табдил доданд. Дар гӯшае аз ин хона асбобҳои мусиқӣ, осори назмию насрӣ ва илмӣ, дар гӯшаи дигар асбобҳои рӯзгори он замон гирдоварӣ шудаанд. Дар ҳавлии манзил расадхонаи хурде, ки ба воситаи он фарорасии иди Наврӯзро муайян мекард, ҳанӯз ҳам побарҷост».

Номзади илми таърих Аловиддин Шоинбеков Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021-ро барои омӯзиши маконҳои таърихӣ ва муаррифии ин мавзеъҳо ба сайёҳони ватанию хориҷӣ  фурсати мусоид мешуморад. «Баъди таъмиру навсозии осорхона ва ба намоиш гузоштани нигораҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ он таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳотиён ва инфрасохтори худи деҳа низ мусоидат кард»,-мегӯяд мавсуф.

Қабл аз оғози конфронси илмӣ-амалӣ ҳунармандони маҳаллӣ маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд. Ба гуфтаи олимони соҳаи мардумшиносӣ, нақшу нигори тоқиҳо, миёнбанду шерозаҳои занони вахонӣ аз дигар манотиқи мамлакат фарқ дорад. Ҳар як нақш рамзи хоси худро дошта, бештарашон шаклҳои геометрии росткунҷа доранд. Дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳо шакли нақшу нигор ба таври доира тасвир ёфтааст.

Директори осорхонаи вилоятӣ гуфт, ки ба хотири ҳифзи мероси моддию маънавии ниёгон минбаъд низ баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар дигар деҳоти вилоят идома меёбад.
АМИТ «Ховар»

Tags: