Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд Фотима Мирзоқулова, ки куҳансолтарин сокини Тоҷикистон дониста мешуд, дар синни 127 даргузашт. Ин хабарро даҳҳо ВАО-и ҷаҳон, аз ҷумла агентии иттилоотии давлатии Қазоқистон «Казинформ», «РИА Новости», рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета», «Аргументы и факты»-и Россия, «Факты» ва «Народная правда»-и Украина, «Росбалт», шабакаҳои телевизионии «Россия», «МИР24», НТВ, REN TV, «Девятый канал», KTZ, рӯзномаи «Московский комсомолец», агентии «Спутник», Pravda.ru, Gazeta.ru, Inform.kz, Lenta.ru, Polit.ru, Life.ru, «Белновости», sb.by, портали «Охи. AZ», «Фергана.ру» ва ғайраҳо бознашр намуданд.
Аз ҷумла, Daily Mail менависад, ки Фотима Мирзоқулова зани куҳансолтарин дар ҷаҳон будааст, агар санаи таваллуди ӯ дар шиносномааш воқеӣ бошад. Инро шабакаи телевизиони «КТК» низ тасдиқ мекунад: «Дар Тоҷикистон зани куҳансолтарин дар ҷаҳон вафот кард. Агар маълумоти шиносномааш воқеӣ бошад, пас шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова охирин зане буд дар сайёра, ки дар асри 19 таваллуд шудааст».
Daily Mail дар идома менависад: «Дар бораи дигар ҳуҷҷатҳое, ки синни Фотима Мирқозуловаро тасдиқ мекунанд, маълумоте нест. Дар тӯли тамоми ҳаёташ ӯ дар колхоз кор карда, пахта мепарварид. Ҳатто пас аз ба нафақа баромадан низ ин корро тарк накард. Дар тӯли ҳаёт ӯ ҳашт фарзанд ба дунё оварда, шумораи набераву абераву чабераҳояш аз дусад нафар зиёд аст».
Соли 2018 Фотима Мирзоқулова ба нашрияи «The Open Asia» мусоҳибаи калон дода буд. Дар он мусоҳиба ӯ нақл мекунад, ки шавҳари аввалаи ӯ ва падари се фарзанди калониаш дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ вафот кардааст. Соли 1951 дар синни 58 вай дубора бо марди 72-сола издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷ ӯ боз панҷ фарзанд ба дунё меорад. Духтари ин зани дарозумр чунин гуфт:
«Вақте ӯ сисола буд, дар мактаби шабона чанд сол таҳсил мекунад, аммо ҳеҷ гоҳ расман дар ҷое кор накардааст. Модарам китоб намехонд, вай ҳеҷ гоҳ ба сиёсат таваҷҷуҳ надошт. Асабҳои вай ҳамеша қавӣ буданд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар ҳаёти мамлакат иштирок мекард — солҳои 1939-1940 дар кандани Канали калони Фарғона иштирок намудааст».
Дар омади гап, тибқи гузоришҳои қаблан нашршуда дар ВАО, куҳансолтарин одами сайёра расман Кейн Танакаи 117-сола аз шаҳри Фукуокаи Япония, ки 2 январи соли 1903 таваллуд шудааст (тибқи маълумоти ВАО ин бо бисёр санадҳо тасдиқ шудааст) ва Жанна Луиза Калменти 122-сола, ки соли 1997 дар Франсия вафот кард, мебошанд. Инро маълумоти Китоби рекордҳои Гиннес тасдиқ мекунад.
Моҳи октябри соли 2019 хабар дода шуд, ки дар вилояти Астрахани Федератсияи Россия куҳансолтарин сокини сайёра, зани қазоқи этникӣ Танзиля Бисембеева вафот кардааст. Аз соли 2016, вай расман куҳансолтарин сокини сайёра буд, ки инро сабтҳои Китоби рекордҳои Россия тасдиқ мекунанд.
АМИТ «Ховар»