«Коронавирус-афсона ё ҳақиқат?»-таҳти ин унвон дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид

Дирӯз дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ бо иштироки  мудири Озмоишгоҳи вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Татяна Волнова  таҳти унвони «Коронавирус-афсона ё ҳақиқат?» машғулияти омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зимни он мудири Озмоишгоҳи вирусологӣ Татяна Волнова оид ба таърих, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус ба кормандони Озмоишгоҳи миллии референсӣ маълумоти муфассал  дод.

«Бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки он ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст, бояд кормандони соҳаи тиб ва шаҳрвандон доир ба сирояти мазкур маълумоти кофӣ дошта бошанд. Зеро доштани маълумоти муфассал оид ба коронавирус, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он метавонад шаҳрвандонро аз гирифторшавӣ ба ин вирус эмин нигоҳ дорад»,- гуфт Татяна Волнова

Ёдовар мешавем, ки баргузор намудани чунин машғулиятҳои омӯзишӣ ба такмили дониши тахассусии кормандони соҳа равона гардида, дар назар аст, ки онҳо пайваста баргузор шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: