Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию метод оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид

 5 октябр дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию метод оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар кори ҷаласа иҷрокунандаи сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон Ҳасан Назарзода ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷро намудани санадҳои судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, андоз, ситонидани алимент, кӯчонидан ва маскун намудан дар манзилҳои истиқоматӣ маълумот дода, ба тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла баргузории машварату вохӯриҳо ва таҳияи намоишҳои телевизионӣ таъкид намуд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Диловаршоҳ Исозода вобаста ба вазъу ҳолати аз мактаб дур мондани хонандагон ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, инчунин гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи шаҳрванд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш дод.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар 8 моҳи имсол беш аз се ҳазор мавриди иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар вобаста ба таълим ва тарбияи ноболиғон ошкор гардидааст, ки ин ҳолат тавишовар буда, миёни волидайни мактаббачаҳо бояд корҳои ташвиқу тарғиб вусъат дода шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: