Дар Душанбе фаъолияти Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 баррасӣ гардид

Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ зимни як нишаст  лоиҳаи консепсияи «Афзалиятҳои миёнамуҳлати фаъолияти Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар вазорат  шарҳи портфели лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Фонди Авруосиёии  муътадилгардонӣ ва рушд дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ба таври маҷозӣ доир гардид, ки дар он  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва  намояндагони блоки лоиҳакашии Фонд  иштирок намуданд.

«Дар доираи шарҳ, оид ба амалишавии лоиҳаҳо дар соли 2020, татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятнок, омилҳое, ки ба татбиқи лоиҳаҳои амалишудаистода таъсиррасон мебошанд, ҳисобот пешниҳод гардид.   Дар нишаст ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятнок, ҳамзамон бо дар назардошти вокуниш ба пандемияи сирояти «COVID-19» ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали якҷоя барои соли 2021 иброз намуданд, -афзуд манбаъ.

Бояд тазаккур дод, ки Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд механизми молиявии минтақавӣ буда, соли 2009 аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таъсис дода шудааст. Самти фаъолияти Фонд барои бартарафсозии рафъи оқибатҳои буҳрони иқтисодӣ, таъмини устувории дарозмуддат ва мусоидат ба ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои узви Фонд нигаронида шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: