Ҳукумати Россия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 630 бурсия ҷудо намудааст

Ҳукумати Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2021-2022 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 630 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи нақшаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ, бурсияҳои таҳсил аз ҳисоби буҷети федералии Федератсияи Россия ҷудо гардидаанд.

Ба иттилои намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии довталабон аз 20 январ то 20 феврали соли равон тариқи сомонаи интернетии www.edu.rs.gov.ru ба роҳ монда мешавад.

Баргузории даври аввали имтиҳонҳо аз 21 феврал то 14 марти соли равон ба нақша гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: