Идораи барномаҳои иқтисодӣ

Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо

Идораи барномаҳои иқтисодӣ, рушди сармоя ва соҳибкорӣ дар заминаи тағйироти сохтори Телевизиони Тоҷикистон таъсис ёфта, барномаҳои «Иқтисод», «Татбиқ», «Соҳибкор», «Иртибот»-ро вобаста ба самти фаъолияти идора таҳия ва пешкаш мекунад.

Дар ҳайати эҷодӣ ва техникии идора 7 нафар фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора чор нафар муҳаррир, ду нафар коргардон ва як нафар дизайнер мебошанд.

Барномаҳои «Иқтисод» ва «Татбиқ» моҳе ду маротиба аз ҷониби муҳаррири варзида Хайрулло Мадисоев ва Мансур Усмонов вобаста ба мавзўъҳои бонкдорӣ, андоз  ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва инчунин мавзўъҳое, ки дар протоколҳои воридотӣ дастур дода мешавад.

Барномаи «Соҳибкор» ҳар ҳафта рўзҳои чоршанбе вобаста ба соҳибкории хурду миёна, соҳибкории истеҳсолӣ, дастгириҳои андозию гумрук ва дигар сабукихое, ки барои бахши хусусӣ фароҳам оварда мешавад, таҳия ва пешкаш мегардад.

Барномаи «Иртибот» вобаста ба чорабиниҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ҷаласаҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, сафарҳои сарони кишварҳо ва боздиди Сарвари давлат аз дигар кишварҳо атрофи ҳамкориҳои иктисодӣ таҳия карда мешавад.

Инчунин вобаста ба дастовардҳои иктисодӣ бахши «Тоҷикистон дар рақамҳо» бо истифода аз кори дизайнерон омода ва пешкаш карда мешавад.