Идораи барномаҳои саноат ва энергетика

Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо

Идораи барномаҳои саноат ва энергетика дар сохтори Телевизиони Тоҷикистон 1-уми январи соли 2021 таъсис ёфта, ҳайати гурўҳи эҷодии он аз 6 нафар иборат мебошад.

Кормандони Идораи барномаҳои саноат ва энергетика дар самти ду ҳадафи муҳими стратегӣ - Саноатикунонии босуръати мамлакат ва расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ фаъолият менамоянд.

Дар умум аз ҷониби гурўҳи эҷодии идораи мазкур 7 барнома, аз ҷумла барномаи «Воқеият», «Ҳадафи чорум», «Истеҳсоли Тоҷикистон» «Содирот», «Стандарт», «Технологияи муосир» ва «Нурофар» пешниҳод карда мешавад.

«Воқеият» - барномаи таҳлилӣ буда, моҳе ду маротиба дар ҳаҷми то 25 дақиқа пахш мегардад. Дар ин барнома масъалаҳои муҳиму воқеии соҳаҳои иқтисодӣ, саноат ва энергетика мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

«Ҳадафи чорум» - тарѓибгари яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, яъне «Саноатикунонии босуръат - ҳадафи чоруми миллӣ» мебошад. Дар ин барнома тамоми паҳлуҳои соҳаи саноат инъикос мегардад. Барномаи мазкур моҳе ду маротиба дар ҳаҷми то 25 дақиқа пахш мешавад.

«Нурофар» мавзўъҳоеро пайгирӣ мекунад, ки марбут ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба даст овардани Истиқлоли энергетикӣ, истифодаи самараноки он, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими соҳаи энергетика» мебошад.

«Истеҳсоли Тоҷикистон» - дар ин барнома аз ҷониби гурӯҳи эҷодӣ маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифат дорои бренди миллӣ ҳастанд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, барномаҳои таҳлилӣ омода ва пешниҳод мегардад. Ин барнома моҳе ду маротиба дар ҳаҷми то 25 дақиқа манзури бинандагон мегардад.

«Содирот» мавзўъҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд, ки ба рушди содироти молу маҳсулот мусоидаткунанда бошанд.

«Стандарт» моҳе ду маротиба дар ҳаҷми то 25 дақиқа омода ва пахш карда мешавад. Ин барнома инъикосгари масъалаҳои марбут ба сифат ва бехатарии молу маҳсулот ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад.

«Технологияи муосир» барномаест, ки инъикосгари навгониҳои технологияи муосир мебошад. Ин барнома моҳе ду маротиба дар ҳаҷми то 15 дақиқа омодаю пахш карда мешавад.