Идораи Телефилм ва дубляж

 Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо

Дар ҷаҳони муосир барои ҳар як давлати мустақил соҳаи синамо ҳамчун рукни муҳими сиёсати давлатӣ барои инъикоси таъриху тамаддуни миллат, муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Аз ҷониби дигар барои таъмин намудани талаботи бинандаи ватанӣ истеҳсоли филмҳои худӣ аҳамияти муҳим дошта, ин раванд барои ташаккули худшиносии мардум ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва инъикосгари дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат аҳамияти муҳимро доро мебошад. Дар ин замина талаботи Идораи “Телефилм” ва дубляж бо филмҳои гуногунжанр ва дубляжи филмҳо таъмин карда мешавад.

Ҳадафи мо-муаррифии синамои тоҷик ва тарҷумаи филмҳои хориҷӣ ба забони тоҷикист.

Бо мақсади муаррифии филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ бо забони давлатӣ тибқи нақшаи корӣ номгӯи филмҳое, ки фарогири мазмун ва муҳтаво дар бораи тарбияи ватандӯстӣ, зебоӣ, маърифати инсонӣ, масъалаҳои муҳими экологӣ ва ҳифзи табиатро дар бар мегирад, дар давоми сол тарҷума ва дубляж карда мешавад.

Сайри маънӣ

Муаррифии чеҳраҳои адабиёти классики тоҷик ва асарҳое, ки қиммати баланди бадеӣ дошта, дар тарбияи маънавии насли ҷавон аз аҳамияти хоса бархўрдор мебошанд. Дар ин радиф суҳбат бо адибону олимон, хоса адабиётшиносон оид ба шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанг ва осори онҳо сурат гирифта, ҳамчунин барои шинохти шоирону осоре, ки бо сабабҳои мухталиф ба меросбарон ба қадри кофӣ муаррифӣ нашудаанд, дар мадди аввал мебошад.

Сарзамини хуршедӣ

Филми мустанади мазкур дар бораи мавзеъҳои таърихӣ, ва табиати нотакрори кишварро аз назари бостоншиносҳо, муаррихон ва коршиносону олимон муаррифӣ менамояд. Ҳамчунин дар бораи растаниҳои шифобахш ва тарзи истифодаи он дар тибби муосир  ќисса мекунад

Ахтарони адаб

Таҳияи барномаи телевизионӣ атрофи шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг ва адабиёти классикии тољик мебошад. Тибќи наќша офаридани филмҳои мустанади телевизионӣ дар бораи Абурайҳони Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ҳољӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигар намояндагони барљастаи илму адабиётро дарбар мегирад.

Нигораҳои нодир

Оид ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, ташаккули шахсият ва худшиносии миллӣ. Раванди корҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои таърихӣ. Инъикоси муаррифии тамаддуни миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ. Дар бораи мавзеҳои таърихӣ, ҳафриёти бостоншиносон ва нигораҳои нодири осорхонаҳо.