Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бою рангини миллати тоҷик шинос шуд

Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бойю рангини миллати тоҷик шинос шуд. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии муассисаи  мазкур  Фаридун Кенҷаев  хабар дод,  меҳмононро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул  истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, шуъбаҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат,  хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунад, писанди меҳмонон гардид.

Ҳамчунин дар осорхона ба меҳмонон намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадима, дар маҷмӯъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид.

Диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ҳаёту рӯзгор, расму ойин ва дигар анъанаҳои қадима, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта чун меъроси аҷдодӣ боқӣ мондааст, ҷалб гардид.

Шиксин Чен Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таассуроти нек дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои хешро дарҷ намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: