Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар иртибот ба таҷлили бисту панҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

 

Дар волотарин табрикоту таманиёти Амири Давлати Кувайт – Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, чунин омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Боиси хурсандии ман аст, ки табрикоти холисона ва беҳтарин таманиёти худро ба муносибаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари дӯст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо иброз намоям.

Ин фурсати муносибро ғанимат дониста, нияти худро ба пайванд намудани ҷидду ҷаҳдам дар роҳи мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстй ва муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо ва халқҳоямон бори дигар таъкид менамоям.

Аз фурсат истифода бурда ба Шумо Ҷаноби Олй сиҳатию саодатмандй ва барои кишвари дӯст рушду нуму ва Гулгулшукуфоиҳоро таманно менамоям.

Беҳтарин таманиёти маро қабул намоед”

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия – Йоахим Гаук, дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумов а тамоми мардуми кишвари Шуморо аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам самимона табрик менамоям.

Кишвари Шумо дар Осиёи Марказӣ барои Олмон шарики муҳим мебошад. Дар давоми 25 сол, аз рӯзи расидан ба Истиқлолият миёни кишварҳои мо муносиботи қавӣ ба роҳ монда шудааст. Мо рушди кишвари Шуморо, ки дар минтақае мустақар асту таҳдидҳои зиёдеро дар пеш дорад, бо таваҷҷуҳи зиёд мушоҳида мекунем. Мо минбаъд низ кишвари Шуморо дар раванди рушди демократия, волоияти қонун, инчунин эҳтироми ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунем.

Дар табрикоти худ ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо бурдборӣ ва ба кишвари Шумо дар вазъи минбаъдаи ҷаҳон озодӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 25-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Мо саҳми Шуморо дар таҳкими ваҳдати халқи тоҷик, рушди кишвар, ҳамчунин дар рушди сиёсиву иқтисодӣ баланд арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда, узви фаъол ва мутааассири ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт.

Мутмаинам, ки муносиботи бар анъанаҳои дӯстии бисёрасра асосёфта ва муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои мо минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон рушд мекунад.

Бо истифода аз ин фурсат, Эмомалӣ Шарипович, ба Шумо саломатии бардавом, ба мақоми масъули Шумо муваффақият ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Пранаб Мукерҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи шахсии худам, бо хушнудии бузург паёми гарми табрикии худро ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон, вобаста бо 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии кишвари шумо, мерасонам.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар тӯли солҳои зиёд, таҳкурсии қавиро барои муносибатҳои зич, дар асоси таърих ва робитаҳои фарҳангии муштараки мо гузоштаанд. Ман хушбахтам аз он, ки мубодилаи боздидҳои сатҳи олӣ ба таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои мо мусоидат намуд.

Итминон дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо минбаъд низ дар солҳои оянда ба таҳкими сулҳу субот, амният ва шукуфоии минтақа ва кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард.

Аз фурсати мазкур истифода бурда, ба Шумо Ҷаноби Олӣ саломатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешравӣ ва шукуфоиро таманно менамоям.

Фурсати мазкурро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ғанимат медонам”.

Президенти Ҷумҳурии Чехия – Милош Зееман, дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед табрикоти самимии худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дорам.

Бароям зикр намудан гуворост, ки муносибот миёни Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамгироӣ ва эҳтироми мутақобила, ки ман имкон дорам зимни сафари худ ба кишвари зебоманзари Шумо шахсан мушоҳида намоям, рушд мекунанд.

Умедворам, ки меҳмоннавозии муқарраротиро зимни сафари Шумо ба Ҷумҳурии Чехия фароҳам орам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар корҳои созанда баҳри шукуфоии кишвар муваффақият орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шумо ва дар шахси Шумо халқи дӯсти Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣғРӯзи истиқлолият самимона табрик менамоям.

Озарбойҷону Тоҷикистонро дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии зич ба ҳам мепайванданд. Мутмаинам, ки муносиботи дуҷониба, ки ба анъанаҳои неки бисёрасра асос ёфтаанд, минбаъд низ таҳким бахшида шуда, мунтазам рушд мекунанд.

Ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарипович саломатии қавӣ, дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон – Муҳаммад Навоз Шариф, дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

“Ҷаноби Олӣ

Барои ман камоли хушнудӣ аст, ки аз номи мардум ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи 25 солагии Рӯзи Истиқлолият самимонатарин табрикотамонро арз намоям.

Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тули солҳои ахир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Шумо мебошад. Тавсеи муносибатҳои дуҷонибаи Покистону Тоҷикистон низ бозтоби дидгоҳу ҳадафҳои муштараки мо ҷиҳати таъмини сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ на танҳо дар ду кишвари мо, балки дар тамоми минтақа мебошад. Ман боварии комил дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи мо беш аз пеш дар ростои манфиати муштараки мардумон ва кишварҳои мо тавсеа хоҳанд ёфт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил, хушнудӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукуфоиро орзумандам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, болотарин эҳтироми маро бипазиред”.

Президенти Ҷумҳурии Полша – Анджей Дуда, дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Халқи Полша ва шахсан аз номи худам табрикоти самимии худро ба Шумо, Ҷаноби Президент ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ирсол медорам.

Полша омодааст талошҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими соҳибистиқлолии худ ба хотири навсозии кишвар ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа дастгирӣ намояд.

Ба кишвари Шумо ва тамоми сокинони он дар роҳи таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ шукуфоиву муваффақият таманно дорам.

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Конфедератсияи Швейтсария — Йоханн Никлаус Шнайдер-Амманн, Президенти Ҷумҳурии Индонезия – Ҷоко Видодо, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон – Хасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Латвия – Раймонд Вейонис, Президенти Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка – Майтҳрипала Сирисена, Валиаҳд-Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шоҳзода Муҳаммад ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд, Валии Валиаҳд-вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ – Иёд Амин Маданӣ, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Рашид Олимов, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.