Нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз мешаванд

Имрӯзҳо бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди беҳбуди қобили таваҷҷуҳе дар  муносибатҳо миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба  мушоҳида мерасад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Яке аз намунаҳои боризи дар  амал татбиқ намудани талаботи   созишномаҳо  ифтитоҳи расмии 9 нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, ки 1 марти соли 2018 сурат гирифт.

Гузаргоҳҳои автомобилии «Саразм» (муқобили «Ҷартеппа»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Ӯротеппа» («Кушкент»), «Ҳавотоғ» («Учқурғон»), «Зафаробод» («Ҳавастобод»), «Ҳаштяк» («Бекобод»), «Навбунёд» («Поп»), «Равот» («Равот»), «Айвоҷ» («Гулбаҳор») ва    гузаргоҳи роҳи оҳани  «Хошади» («Амузанг») кори худро дубора оғоз  намуданд.

Интизор меравад,  ки аввалин  қатори мусофирбар бо хатсайри  «Кӯлоб-Москва» тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани «Хошади» («Амузанг»)   7 марти соли 2018  ба роҳ барояд.

Маросими  кушодашавии  нуқтаҳои сарҳадӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи дӯстона бо иштироки намояндагони расмӣ  ва инчунин сокинони минтақаҳои сарҳадии ду давлат сурат гирифт.

Ин рӯйдод, ки  мардумони ҳар ду мамлакат дер боз интизори он буданд, рафту омади шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳуриро ба таври чашмгир осон менамояд ва дар натиҷа барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ хизмат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, он барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад.

АМИТ "Ховар"