Нутқи Пешвои миллат бо забони ноби тоҷикӣ дар эҳёи мактаби санъати суханварӣ нақши калидӣ дорад

Маълум аст, ки  дар ҳама давру замон нақши  сарвари сиёсӣ  ва  сифатҳои   гуногуни  вай боиси  таҳлилу таҳқиқ гардида, оид ба рафтору кирдор, дастовардҳо, ҳолати  забони давлатӣ, рушди мактабу маориф, эҳёи худшиносию худогоҳии миллӣ ва дигар тағйироту  навовариҳо мақолаю китоб ва андешаҳои  гуногун пайдо мешаванд, ки барои таҷрибаи рўзгор  ва эҳёи нави мактабҳои  давлатдорӣ муҳимияти махсус доранд. Хусусан ба назар гирифтани хотираи таърихии миллат, бурду бохти таърихӣ ва  зинда намудани  хотираи чеҳраҳои  мондагори аҷдодӣ бузургтарин кирдорест, ки муҳаббати бепоёни  сарвари сиёсиро дар байни мардум афзун мегардонад.

Дар баробари ин, дигар сифатҳое, ки дар  адабиёти сиёсӣ хоси  сарвари сиёсӣ муаррифӣ мегарданд — ин  ватандўстию ҷасурӣ, ҷавонмардию суханварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ҳалимию тавоноӣ ва ба  дилу дидаи мардуми оддӣ роҳ ёфтан аст. Албатта, чунин сифатҳо ҳама   хоси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон мебошанд, ки имрўз ҳамчун сиёсатмадори  сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд. Хидматҳои  Пешвои  миллат  на танҳо  дар  сарҷамъ намудани  миллати тоҷик аз парокандагӣ ва истиқрори сулҳ, балки дар масири ҳимояи манфиатҳои муҳими кишвари ҳамсоя – Афғонистон ва пешниҳоди масъалаҳои  глобалии ҷаҳони имрўза  нақши муҳим доранд.

Қобили зикр аст, ки Президенти кишвар   ҳамеша нисбат ба забони давлатӣ ва  тозаю бегазанд нигоҳ доштани он  намунаи ибрат нишон дода, ба рушди забон таваҷҷуҳи хосса доранд. Ҷаноби олӣ вобаста ба он   дар Паёми  худ ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 чунин зикр намудаанд: «Забони мо  дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро  аз гирдоби  ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрўз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо  дар зарфи солҳои  соҳибистиқлолӣ оид ба  эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи  тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».

Инчунин дар Паёми  навбатии соли 2014 ба ин  гуфтаҳо  тақвият бахшида, олимону таҳқиқотчиёнро муваззаф намудаанд, ки «вазифаи муҳими олимони кишвар бо дарназардошти  давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ҷаҳониён ба таври шоиста  муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад».

Дарвоқеъ, таъкиду роҳбаладии  Сарвари  давлат моро водор менамояд, ки дар бораи  таъриху  забон ва дигар арзишҳои миллӣ  таҳлилу таҳқиқоти зиёде дошта бошем, ки ба воситаи онҳо дар замири  ҷавонон худшиносӣ ва  худогоҳии миллиро устувор намоем. Бояд зикр кард, ки  амалӣ гардидани  нишондодҳои мазкур имрўз  барои пешрафти забону  фарҳанги  миллат ва умуман  ифтихори Рўзи  забони  давлатӣ  хеле муҳим аст.

Истиқлолияти сиёсӣ такони ҷиддӣ барои  тағйири низоми  арзишҳои миллӣ  гардида, барои  рушду нумўи  забони модарӣ  ва эҳёи  нави он заминаҳои воқеӣ муҳайё намуд. Забони модарии мо дар тўли таърихи чандҳазорсола, бисёр  миллату халқият, қавмҳои саҳронишину  таҳҷоиро ба ҳам оварда, ба онҳо маданияти  гуфтор, рафтор ва кирдори некро  омўхт, баъзан  миллатҳои ҷавон бо ин забон  ҳувияти  ягона сохта,  худро ҳамчун миллати  алоҳида ташаккул дода тавонистанд. Аз ин рў,   эҳтиром ва донистани забони давлатӣ ин  кушодани пайраҳа барои аз бар  намудани дигар арзишҳоест, ки баҳри рушду такомули  миллат мусоидат менамояд. Ин аст, ки ҷаззобияти забони модарии мо дар қатори  забонҳои бузурги дунё  ифтихори хосса дорад.

Махсусан суханрониҳои Президенти мамлакат дар сатҳҳои гуногун ва фатҳи нави уфуқҳои байналмилалии сиёсие, ки аз минбари  баланди СММ дар ҳошияи Иҷлосияи  72-юми СММ  садо доданд, муваффақияту бурдбориҳои зиёде мебошанд, ки ифтихори моро аз Президент ва забони модариамон боз ҳам пурҷило ва  тавоно менамояд. Суханронии Пешвои миллат 19 сентябри соли 2017 дар Маҷмаи  умумии  СММ зери унвони “Рушди муштараки ҷаҳонӣ шарикии ҳамаҷонибаро дар ҳама сатҳҳо  тақозо менамояд” намунаи волои суханварӣ ва эҳтирому муҳаббати  забондонии  Президенти  кишвар буд, ки зимни он масъалаҳои   муҳимтарини  ҷаҳони  муосир  баррасӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз чеҳраҳои  шинохтаи  олами суханварӣ ва баҳси сиёсӣ  низ мебошанд, ки  дар фаъолияти корияшон ин масъалаҳоро амалӣ  гардонида тавонистанд. Баҳсу  муколамаҳои байни тоҷикон, гуфтугў ва ба Ватан баргардонидани  гурезаҳо, пойдор намудани ваҳдати миллӣ- ин ҳама ба Президенти кишвар ва  мардуми шарафманди  Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон нутқ ва  суханрониҳои Сарвари  давлат ҳамеша барномаҳои дурнамои рушд ва пешниҳодҳои дигаргунсозиро дар бар мегиранд, ки аз тарафи шахсони расмии мансабдор ё шаҳрвандони  мамлакат бо мақсади ифодаи мавқеи давлат, сохтори муайяни иҷтимоӣ  иброз карда мешаванд. Онҳо на танҳо муҳтавои тарзи суханварӣ ва ё нутқи Президенти кишварро муайян менамоянд, балки дар эҳёи  мактаби  санъати суханварӣ нақши калидӣ доранд.

Суханварӣ ва суханронии  Пешвои миллат  бо забони  ноби тоҷикӣ аз  назари муқоисавӣ  ба дигар баҳсҳо  хеле пурмуҳтаво буда, касбияти баланди  забондонии Сарвари сиёсиро  нишон медиҳад.

Олимони Академияи илмҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ гардонидани  таъкиду пешниҳодҳои “поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ”  ва  рушди  ояндаи  кишвар эътиқоди қавӣ дошта, бо  боварии том изҳор менамоянд, ки дар  пешравии  кишварамон саҳми худро дареғ намедоранд.

Абдураҳмон МУҲАММАД,

ноиби президенти АИ ҶТ,

доктори илмҳои сиёсӣ, профессор