ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа хунук мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво то 23 дараҷа хунук мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10   метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 15 то 21 дараҷа хунук, рӯзона аз 11 то 16 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 9-14  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 12-17 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти барф ба амал меоядю Рӯзона асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук, дар доманакӯҳҳо шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  14-19 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 18-23 дараҷа хунук,  рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон боришоти сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16-18 дараҷа хунук, рӯзона 11-13 дараҷа хунук мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: