То оғози Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистонро ду рӯз монд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи  дзюдои Тоҷикистон 5 октябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Масъулини  шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани  панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо варзишгоҳи навбунёди шаҳр ва толорҳои варзишии онро омода намуда,  атрофи варзишгоҳро бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро додаанд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 20 нафар  варзишгарони номдори ҷумҳурӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар мусобиқа  варзишгарони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов иштирок намоянд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба  дзюдо  иштироки варзишгарон аз  15 кишвари дунё  дар назар дошта шудааст.

Бояд зикр кард, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз соли 2013 инҷониб дар ҷумҳурӣ доир мешавад. Се мусобиқаи аввали он дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Имсол бори дуюм аст, ки дар шаҳри Ваҳдат чунин мусобиқа баргузор мегардад.

Ҷоизаи  Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»   15 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуда, барои  ҷои аввал 7 ҳазор доллар, зинаи дуюм 4   ва барои 2 ҷои сеюм  2 ҳазор доллари ИМА мукофот муайян карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  дзюдо  соли гузашта низ дар шаҳри Ваҳдат доир шуда, Ҷом насиби варзишгари Беларус Станислав Бондаренко шуда буд. Ҷойи дуюмро Гарсия Мендоз, варзишгар аз Куба ва ду ҷойи сеюмро варзишгарони ӯзбекистонӣ  — Муҳсин Исомиддинов ва Абдулло Тангриев соҳиб гаштанд.

АМИТ "Ховар"