Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон

НоракСубҳи рӯзи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ- ҷашни байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони шаҳри Норак бо рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзӣ истиқбол гирифтанд.

АМИТ «Ховар»