Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соати 10:00 аз толори Кохи Сомон тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш мегардад.
Ҳамчунин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи тамоми сайтҳои телевизионӣ ба таври онлайн мустақиман пахш мегардад.