ПАХТА-2022. ҶДММ «Зарҳам» дар Кӯлоб ба қабули «тиллои сафед» оғоз кард

ТВТ.12.09.2022. Имрӯзҳо кишоварзони шаҳри Кӯлоб ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ карда, ба ҶДММ «Зарҳам» аввалин тоннаҳои корвони ҳосили пахтаи 2022-ро ворид  намуда истодаанд.

Роҳбари Кооперативи тиҷоратии ба номи ҶДММ «Зарҳам» Абдунабӣ Зардиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА гуфт, ки «имсол барои қабули пахта омодагӣ дидем ва барои дуруст баркашидани маҳсулот тарозуи муосири рақамӣ насб кардем. Азбаски аксари хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва иҷоракорон дар майдони 50 садяк замин то 5 гектар пахта коридаанд, дар ҳар чиниш наметавонистанд ҳосилро ба корхона ворид намоянд ва баъди насби тарозуи рақамӣ ин мушкилот аз байн рафт».

Иҷоракорон ва хоҷагиҳое, ки дар майдони 8 гектар ва аз он зиёд чигит коридаанд, аз 4 то 8-10-тоннагӣ пахтаро вориди корхона намуданд. Дар ҶДММ «Зарҳам» ҳар навъи пахта алоҳида гузошта шуда, баъди коркард тухмии он дар анборҳои кооперативи тиҷоратӣ коркард ва барои соли оянда захира мегардад. Дигар хоҷагиҳо ин тухмиҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқро дастрас карда,  соли оянда кишт менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: