ПАХТА-2022». Дар Тоҷикистон тибқи дурнамо 425 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ мешавад

ТВТ. 30.08.2022. Кишоварзони Тоҷикистон нақша доранд, ки имсол 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳолати 26 август кишоварзони   ҷумҳурӣ 9500 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки танҳо ба вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Имсол дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд.  Аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181 ҳазору 589 гектар чигит кишт карда шуд. Аз майдони киштшуда 57 199 гектар ба вилояти Суғд, 121 741 гектар ба вилояти Хатлон  ва 2689 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: