Парлумон ба қонуни конститутсионӣ дар бораи ВМКБ тағйиру иловаҳо ворид менамояд

Интизор меравад, ки ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур 3 октябр дар ҷаласаи Шӯрои  палатаи поёнии Парлумони  мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.

Аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»,  «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва дигар масъалаҳоро муҳокима намуданд.

АМИТ «Ховар»