Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим — Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи    худ — соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид.

“Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем”, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳо, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳо то рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба маротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб номиданд.

Гуфта шуд, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо гузаштаи пурифтихори худ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб рисолати муқаддаси меросбари таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷикро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд.

Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани даҳҳо ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон бо номи “Хутали қадим” эътирофи байналмилалии фарҳангу тамаддуни куҳани ин диёри бостонии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми беназири мардуми сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон, махсусан, ҷавонмардони ғаюру далер ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишварамон таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаву созандаи сокинонаш хеле ободу пешрафта ва симои он куллан дигаргун гардид. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.

Танҳо ҳамин рӯз дар шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав, аз ҷумла 15 корхонаи истеҳсолӣ, ифтитоҳ ёфта, зиёда аз 2500 ҷои нави корӣ муҳайё гардид.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр, дар маҷмуъ, 1 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад.

Зикр гардид, ки ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми шаҳрро таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд. Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд. Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин муддат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ифтитоҳ гардидааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузоштанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар оид ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва оҳан, аз ҷумла роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ба масофаи 132 километр, таҷдиду навсозии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, ифтитоҳи пулҳои мошингузар дар масири Гулистон — Кӯлоб ва гузоштани санги асос барои оғози сохтмони роҳи Гулистон — Кӯлоб ба дарозии 33 километр, роҳи таворавии Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 12 километр ва сохтмони якчанд корхонаи саноатӣ андешаронӣ намуданд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб минбаъд низ расму ойинҳо, суннату анъанаҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, раванди созандагиву бунёдкориро бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ идома медиҳанд ва дар ҷодаи ободии диёри худ ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли маҳбубамон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.

Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба муносибати ҷашнҳои муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид.

Чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ аз суруду рақсҳои дилнишин ва намоиши рангини театрикунонидашуда иборат буд.

Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз эҷодиёти шоирони хушкалом ва оҳангсозони шинохта дар васфи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати пойдори сарзамин, забони давлатӣ, Пешвои миллат ва дигар муқаддасоту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сурудҳо иҷро намуданд, ки бисёр пурмазмун, ҷолиб ва хотирнишин буд.

Tags: