Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд

21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони маҷмааи варзишӣ 6 гектар, ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ 15 000 адад ва маблағи сохтмон 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бинои варзишгоҳ 3 ошёна буда, дар он барои варзишгарон ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои духтурон ва маъмурият, инчунин дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои духтарону писарон толорҳои алоҳидаи машқу тамрин бунёд шудаанд.

Дар рафти бунёди варзишгоҳ 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ ва баъди мавриди истифода қарор додан 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Маҷмааи варзишӣ аз як даромадгоҳи марказӣ ва 5 даромадгоҳи иловагӣ иборат мебошад. Масоҳати майдони футбол 118 бар 72 метрро ташкил дода, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дар ин маҷмааи муосири варзишӣ ҳамчунин имкон аст, ки дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шавад.

Аввалин чорабинии идона – таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат буд, ки бо иштироки шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: