Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчамбар гузошт.
Дар ин маросим меҳмони олимақомро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.