Раиси вилояти Хатлон ва муовини Сарвазири Тоҷикистон ба дидани деҳаҳое, ки бар асари ярч дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ осеб дидаанд, рафтанд

Мутобиқи иттилои фаврӣ, бар асари бориши шадид дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки боиси фаромадани ярч шуд, 15 хона комилан хароб, қариб 100 гектар замини корам ва 2 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зарар диданд. Пули шоҳроҳи Абдураҳмони Ҷомӣ — Ёвон низ аз офати табиӣ осеб дидааст.

Бо фармони раиси вилояти Хатлон кумитаи вилоятӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои фавқулода таҳти раёсати муовини раиси вилоят Низом Мирзозода таъсис дода шудааст. Дар ин бора шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо сокинони зарардида изҳор дошт, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва хонаҳо барқарор хоҳанд шуд. Сарвари вилоят илова намуд, ки ягон оила бе таваҷҷуҳ нахоҳад монд ва Ҳукумат ҳарчи зудтар барои ҷудо кардани қитъаи замин дар минтақаи бехатар ва бунёди манзилҳои нав барои осебдидагон тадбир меандешад. Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ба зарардидагон кумакҳои иҷтимоӣ, ғизоӣ ва тиббӣ расонида шаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки кӯчонидани ҳамаи сокинони деҳаи зарардида (167 хонавода) ба минтақаҳои бехатар оғоз ёфт, барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 30 хайма омода карда шудааст.

Дар ҷои ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ, наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мутахассисони Кумитаи идораи замин ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доранд.

Ситоди эътино ба оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб намудани масоҳат ва ҳаҷми зарари расонидаи офати табиӣ шурӯъ кардааст.

Гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони вазорату идораҳо навбатдории шабонарӯзӣ ва назорати вазъро оғоз кардааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: