Рамазон Раҳимзода: «111 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок доштанд, ихтиёран ба Ватан баргардонида шуданд»

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷиноятҳои террористию экстремистӣ имрӯз низ ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин радиф истисно нест. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зиёда аз 1300 ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ошкор гардида, беш аз 390 аъзою тарафдорони ин ҳаракатҳои равияҳо дастгир карда шудаанд. Ва шумораи муайяни ин ҷинояткорон дар давлатҳои хориҷӣ дастгир шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ин нуктаро изҳор намуда, гуфт: «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мамлакат иштирок менамоянд, 150 нафарашон ба ҳалокат расида, 111 нафар ба ватан ихтиёран баргардонида шудаанд. Дар натиҷаи чораҷӯӣ аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ соли сипаригардида 36 амали террористӣ ошкор карда шуд, ки аз ин шумора 16 ҳолати онро сӯиқасд ба терроризм ташкил медод ва он пешгирӣ гардид».

Ба иттилои вазир, нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо низ назаррас мебошад. Аз ҷумла, тавассути сари вақт аз ҷониби вазорат пешниҳод намудани хабарҳои фаврӣ дар Федератсияи Россия 5 ҳолат, Ҷумҳурии Мардумии Чин 1, Қазоқистон 1, Ӯзбекистон 2 ва дар Украина 1 ҳолати амалҳои террористӣ пешгирӣ гардиданд.

Зикр карда шуд, ки соли 2017 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 210 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 400 нафар барои содир намудани 620 ҷиноят дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

АМИТ "Ховар"