Роҳбарияти хоҷагии «Боғи Сомон» ба 150 нафар ниёзманд кумак расониданд

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддӣ ва расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ниёзмандону ятимон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи имондориву тақво ва хайру эҳсон ба ҳисоб меравад,  ба 150 нафар кормандони шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода кумаки моддӣ, аз қабили орд ва равған расонида шуд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ барои меҳнати софдилона ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр изҳори миннатдорӣ намуд.

Кормандони ин муассиса изҳор намуданд, ки хушбахтона, таҳти  сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои миллӣ соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Турсунзода ба ниёзмандон кумак мерасонанд. Аз ҷумла, роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар амалӣ намудани сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: