Рӯйдоди бузурги таърихӣ

Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА андешаҳояшро дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН дар иҷлосияи 72-юми МУ СММ ба АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  суханронӣ намуда, нахуст ба Ҷаноби Мирослав Лейчак барои даъват ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” изҳори сипос намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар минтақаву кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, доир гардид.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки «Ин рӯйдод аҳаммияти чорабинии моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал дучанд мегардонад».

«Имрӯз, -таъкид доштанд  Пешвои миллат, -дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад». Вобаста ба ин Сарвари давлат андешаашонро идома дода, таъкид карданд, ки: «захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад».

Пешвои миллат аз ташаббусҳои Ҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шуда,  зикр карданд, ки бо ибтикори Тоҷикистон «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» доир шуда, дар ин самт корҳои зиёде на танҳо дар кишввари мо, балки дар арсаи байналмилалӣ амалӣ гардиданд.

Дар ин замина ҳамкорӣ бо бисёр кишварҳо вусъати тоза касб кард ва аз таҷрибаи ҳосилшуда, пешниҳоди навбатӣ доир ба таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамоянд, асоси мустаҳкам  гузошт. Хусусияти барномаи нави рушди устувор, таъкид намуданд Сарвари давлат,  ин аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд.

Дар ин замина бори дигар Пешвои миллат ба ҳамаи кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 71/222, ки солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард, изҳори ташаккур намуданд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  ишора намуданд Ҷаноби Олӣ,  “иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад”. Гузашта аз ин, Даҳсолаи нав ба гузариш ба марҳалаи асосии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлати тоҷикон аз санади ниҳоии Панели рўзи 14 март, ки таҳти унвони «Ҳар қатра об ба ҳисоб гирифта шудааст: Рӯзнома барои амал» доир гардид, ёдовар шуда, се қисми асосии онро муҳим шумориданд:

1) асоснокӣ барои амал;

2) рӯзномаи ҳамгироиёнаи амал дар сатҳҳои маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ;

3) суръат бахшидан ба тағйирот, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории байналхалқӣ дар сатҳи глобалӣ.

Ин санад, изҳор доштанд, Пешвои миллат, тавсия ва ташаббусҳои Панелро дар соҳаи ҳалли масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун бо мақсади расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои шашуми рушди устувор, ҷамъбаст менамояд. Дар ҳадафҳои мазкур муҳиммияти арзиш бахшидан ба об ва фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибати ҳамоҳангшуда ба идоракунии захираҳои об, паст кардани хатари офатҳои табиӣ, ноил шудан ба устувории инфрасохтор ва иқтисодиёт  ба таври хоса нишон дода шудаанд.

Сарвари давлати тоҷикон таъкид доштанд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари иштирокчии Панел ва ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» минбаъд ҳам тавсияҳои Панелро дар ҳамаи сатҳҳо дасгирӣ менамояд ва онҳоро бо имконоти мавҷуда амалӣ месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин  зимни суханрониашон омилҳоеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, ба таври зайл муайян карданд:

Якум — тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад. Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри 20 мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад.

Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод.

Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд.

Офатҳои табиӣ инчунин кӯшишҳои моро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заиф  сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ мегарданд.

Дуюм – ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебошад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати зиёд афзоиш меёбад, ки ин, дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷиддии нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад. Шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад.

Мо, ишора карданд, Пешвои миллат, бовар дорем, ки ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд дар идоракунии захираҳои об барои беҳтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ имкониятҳои наверо ба вуҷуд меорад.

Сеюм – ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд ба назар гирифта шавад. Занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб карда шаванд. Ҷалби самараноки занон ба ин ҷараён кафолати дастовардҳои моро дар ҳалли масоили об ва, умуман, ноилшавӣ ба рушди устувор таъмин месозад.

Чорум – воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо мо бояд нақшаҳо ва амалҳои худро таҳким бахшем.

Панҷум – ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Роҳбари давлати тоҷикон, имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад.

Ҳамзамон Пешвои миллат нақши захираҳои инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадамро дар татбиқи ин барномаи сатҳи баланд муҳим шумориданд. Ба ғайр аз ин Пешвои миллат доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанги истифодаю истеъмоли об, густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо дар соҳаи таъмини об изҳори назар карда, самтҳои мазкурро барои татбиқи ҳадафҳои худ муҳим шумориданд.

Ишора шуд, ки “Тоҷикистон тайи понздаҳ соли охир барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа Ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид.

Солҳои охир дар Осиёи Марказӣ раванди густариши ҳамгироии минтақавӣ фаъолона идома дорад, ки, ба назари мо, бояд ба беҳтар гардидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои обу энергетика кумак намояд.

Пешвои миллат инчунин доир ба масъалаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори назар намуда, аз масъулон ва олимон даъват ба амал оварданд, ки дар он иштирок намоянд.

Ҷаноби Олӣ вобаста ба ин зикр карданд: “Мо тасмим дорем дар Конфронс  чаҳорчӯби муколамаи имрӯзаро идома ва густариш диҳем, то ки он ба тақвияти талошҳо ба хотири татбиқи Даҳсола такони тоза бахшад”. Илова бар ин, таъкид шуд, ки: “Конфронси Душанбе дар остонаи ҷаласаи навбатии Анҷумани сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи Шашуми Рушди Устувор баррасӣ мешавад, метавонад барои таҳияи тавсияҳои мушаххас ҷиҳати тақвияти талошҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об заминаи саривақтӣ ва муҳим бошад”.

Дар баробари ин Пешвои миллат 23 март дар зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” суханронӣ карда, дастовард ва мушкилоти ҷойдоштаро дар ин самт баён  намуданд. Махсусан таъкиди Сарвари давлат  дар бораи хатарҳои тағйирёбии иқлим аҳамияти баланд дошта, дар ин бора Президенти  кишвар  ишора  карданд, ки “Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, сабабгори  хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад”. Ба ин ишора на танҳо олимон, балки аксари роҳбарони сиёсӣ бояд эътибор диҳанд ва ҷиҳати ҳалли он дастҷамъона андеша намоянд.

Пешвои миллат худи ҳамин рўз дар дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” иштирок ва суханронӣ карданд.  Дар ин  суханронӣ нуктаи муҳим он аст, ки Сарвари давлат таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли проблемаҳои об ва энергетика ҷалб карда, дар якҷоягӣ баррасӣ кардани масъалаҳои фавқро муҳим мешуморад.  Пешвои миллат, аз ҷумла, чунин таъкид намуданд:

“Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад”.

Ташаббуси Тоҷикистон ва ибтикори шоистаи Роҳбари он дар ҳақиқат дар шароити кунунӣ саривақтӣ буда, бовар дорем, ки онро кишварҳои манфиатдор пурра дастгирӣ менамоянд.

Баъдан Сарвари давлати тоҷикон дар чорабинии  Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат дар ин суханронии худ таъкид доштанд, ки “гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад”.

Дар ҳамаи суханрониҳои худ Пешвои миллат аз дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу энергетика бевосита ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилкунандагони ин чорабиниҳои сатҳи баланд изҳори ташаккур карда, ин вохўриҳоро пураҳамият эълон намуданд.

Дар ҳақиқат, баргузории иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик боз як рўйдоди бузурги таърихӣ буда, барои боло рафтани мақоми кишвар нақши калидӣ бозид. Махсусан, заҳматҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт беназир мебошад.

Халқ бо сарвари худ ифтихор карда, ўро дўст медорад ва аз сиёсати ватандўстонааш дастгирӣ мекунад.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои  рушди  иҷтимоӣ  ва  робита  бо ҷомеа