Рӯзҳои наздик дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, борони шиддатнок, хокбориш ва чангу ғубор дар назар аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 27 то 30 апрели соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид гардида, ҳарорат якбора паст мешавад. Борон дар баъзе ҷойҳо бо шиддат меборад.
Рўзона пастшавии ҳарорати ҳаво мушоҳида карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар хокбориш ва чангу ғубор ба амал меояд. Рўзҳои 26-30 апрел дар ноҳияҳои доманакўҳ ва кўҳӣ хавфи омадани сел дар назар аст. Чунин ҳолат то 30 апрел боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо дар қаторкўҳҳои Ҳисор ва кўҳҳои Помир хавфи фаромадани тарма ва сангрезаҳо дар назар аст.
Хатари осеби раъду барқ низ вуҷуд дорад.
Таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ мемонад, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хавфи омадани сел ва лағзиши тарма, ҳамчунин резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад барои истифода аз роҳҳои кӯҳӣ аввал воситаҳои нақлиётии худро омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба ҷойҳои хатарзо, роҳандозии корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ худдорӣ кунанд.

Tags: