Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда,  шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба сати шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрӣ шуда, эҳтимоли боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ  шудааст. Дар водиҳо шабона +16+18 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: